(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи МТМУ№28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, омӯзгорон ва фаъолони шаҳр мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ доир ба нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлисӣ Олӣ сурат гирифт.

Зикр гардид, ки дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.

Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем.

Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар вилоят Зуфар Исмоилзода низ доир ба мавзуъи матраҳгардида суханронӣ намуданд.

Сипас меҳмонон аз китобхонаи хуштарҳ ва синфхонаҳои мактаби навбунёд боздид намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд