(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар остонаи Соли нави мелодӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маркази вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид.

Дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт, картошка, макарон, шакар, пиёз, сабзӣ, тухм, орд, биринҷ, сабзавоту меваҷот, шириниҳо, нон ва ғайраҳо бо нархҳои то 30 дарсад нисбат ба бозор арзон пешниҳод карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои фурӯши маҳсулот боздид карда, ҳадаф аз ташкили ярмарка-фурӯши маводи ғизоиро таъмини дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифату нисбатан арзон арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки дар оянда низ чунин иқдом амалӣ карда хоҳад шуд.

Сокинон бо изҳори қаноатмандӣ аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ маводи зарурии худро харидорӣ карданд.

Бояд қайд намуд, ки аз оғози сол то ҳоло бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ беш аз 46 маротиба ярмарка гузаронида шуда, дар маҷмӯъ, ба миқдори 6320,2 тонна маҳсулот, аз ҷумла, 857,8 тонна орд, 221,1 тонна равғани растанӣ, 259,1 тонна гӯшти чорвою паранда, 19,4 тонна моҳӣ, 217 тонна шакар, 224,2 тонна биринҷ, 1187,0 ҳазор дона тухм, 1451,4 тонна картошка, 482,6 тонна сабзӣ, 865,0 тонна бехпиёз, 599,9 тонна сабзавоти гуногун, 471,3 тонна полезӣ, 423,5 тонна меваҷот ва 227,9 тонна дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуд.