(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!

Бо камоли хушнудӣ ва фараҳмандии зиёд кулли ҳамдиёронро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023-юм табрику муборакбод намуда, бароятон тандурустии комил, барору пешравии кор ва ба хонадонатон рўзгори ободу осуда, дастархони пурнозу неъмат ва фазои неки ҳамдигарфаҳмию ҳамдилии ҳамешагиро таманно менамоям.

Боиси ифтихор ва шоистаи зикр аст, ки соли сипаригардида дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол соли бобарор, соли баргузорӣ ва таҷлили санаҳои муҳими таърихии 25-солагии Рўзи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки дар саҳифаҳои таърихи кишвари маҳбубамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт. Мардуми сарбаланду тамаддунофари халқи тоҷик таҳти раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои беназири сиёсатмадори барҷаста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ, рўҳияи баланди хештаншиносию худогоҳии миллӣ ва заҳмати софдилона ба хотири фардои дурахшони Ватани азизамон ин санаҳои таърихиро ба таври шоиста бо шукўҳу шаҳомат таҷлил намуд.

Соли 2022 соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд ба дастовардҳои зиёд ноил гашта, ҳиссаи босазои хешро дар пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр ва кишвар гузоштанд. Давоми сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар қаламрави вилояти Суғд сафари хидматӣ анҷом дода, дар доираи он ба шаҳри ҳамешаҷавони Хуҷанд ташриф оварда, ба фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ ва муассисаҳои маорифу иҷтимоӣ оғоз бахшиданд.

Сокинони шарафманду соҳибхиради Хуҷанди бостонӣ бо шукргузории ҳамешагӣ аз фазои сулҳу суботи комил таҳти раҳнамоӣ ва таваҷҷўҳи доимии Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои рўзафзуни Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин соли таърихӣ баҳри саҳмгузорӣ дар таъмини зиндагии шоистаю арзандаи ҳар сокини шаҳрамон корҳои назаррасро ба сомон расониданд.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21-уми март - Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълом гардид ва дар ин асос СММ соли 2025-ро Соли ҳифзи пиряхҳо эълон кард. Ин иқдоми Сарвари давлат моро водор месозад, ки маърифати шаҳрвандонро дар ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо боло бардорем.

Мо ба нерўи созанда ва фарҳангсолориву таҳаммулгароии мардум такя намуда, умед бар он дорем, ки ҳамаи имконият ва қувваи хешро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, ҳифзи дастовардҳо ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар хоҳад намуд.

Бигзор Соли нави мелодӣ, барои ҳар хонадони тоҷик соли пурбарору комёбиҳо, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони арҷманд!