(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар майдони гулгашти кӯчаи Султон Умарии шаҳри Хуҷанд беш аз 120 бех ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуданд.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту идораҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, дар кабудизоркуниву хуррамгардонии шаҳр саҳм гузоштанд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо масъулин барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу зебо намудани гирду атрофи иншооти маъмурӣ, кӯчаву хиёбонҳои маркази вилоят ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дастур супоришҳо дод.

Таъкид гардид, ки дар ин гулгашти навбунёд дарахтҳои ҳамешасабзи Ардач, Санавбар ва Бурачина ва шинонида шуданд, ки ба беҳбудбахшии муҳити зист мусоидат менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд