(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тибқи дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли нави мелодӣ ба зиёда аз 300 нафар рўбандаю покизакорон ва гулпарварони шаҳр кўмакҳои ғизоӣ тақдим карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорони Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид дошт, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ҳар гоҳ, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд, таровату мунавварии шаҳр ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати шумоён баҳои баланд медиҳанд.

Раиси вилоят рӯбандаю покизакоронро бо Соли нав таҳният гуфта, ба хонадонашони соли суботу оромӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои боз ҳам бештар гардида, ҳамаи нақшаву ниятҳои неки онҳо бо заҳмати ватандӯстонаашон амалӣ шаванд.

Рўбандаю покизакорон, ки аз кўмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған, макарон, биринҷ, чойи хушк, туҳфаҳои хотиравӣ ва ғайраҳо бархўрдор шуданд, миннатдории хешро ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳ изҳор доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд