(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарони мақомоти қудратии вилоят, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба Соли нави мелодӣ ба қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, сарбозону афсаронро табрику таҳният намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати шахсии қсими низомиро аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Соли нави мелодӣ табрик гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки ммрӯз ҳамаи мо шукрона мекунем, ки бо иродаи қавии мардуми соҳибмаърифату куҳанбунёдамон дар сарзамини аҷдодиамон сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмрон аст ва сокинони мамлакат ба хотири ояндаи неки Ватан сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд. Зеро маҳз ҳамин фазои орому осудаи кишвар аст, ки дар соли 2022 низ мо тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳтар гардонидани шароити рӯзгори сокинони мамлакат сафарбар намуда, дар ин самт силсилаи иқдомотро амалӣ намудем ва ният дорем, ки ин равандро босуръат идома бахшем.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонони ғаюру далер ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик якҷо бо мардуми ободгару ҳимматбаландамон минбаъд низ ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, густариши ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маърифат ва умуман, пешрафти Ватани маҳбубамон саъю талош хоҳанд кард.

Таъкид шуд, ки ҳар яки мо бояд дар соли нави мелодӣ бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои боз ҳам мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ, афзун намудани дастовардҳои он, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ кӯшиши бештар ба харҷ диҳем, бо дарки рисолати олии ватандорӣ содиқона заҳмат кашем, дар таҳкими тартибу низомӣ, ҳифзи сарҳадот ҷаҳд намудаа, ҳамзамон тамоми нерӯву имконият ва донишу таҷрибаи худро ба ободонии сарзамини муқаддасамон равона созем.

Сипас меҳмонон аз шароити хизмат дар қисми низомӣ аз наздик шинос шуданд. Бояд қайд нмуд,ки бахшида ба Соли нави мелодӣ дар қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан дастархонаи идона густурда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд