(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҳфил бахшида ба 30 солагии рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” бо иштироки аҳли қалами рӯзнома, собиқадорон ва ҳайати техникии он баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати ҷашни 30-солагии таъсисёбии «Тирози ҷаҳон» ба самъи ҳозирин расонда, аз ҷумла зикр дошт, ки имрӯз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар нашрияҳои расмии худро доранд ва қаламкашони онҳо рисолати худро содиқона иҷро мекунанд. Аз ҷумла, рӯзномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд «Тирози ҷаҳон» ҳам мисоли дигар нашрияҳои давр барои пур кардани фазои иттилоотӣ, инъикоси дастовардҳои истиқлолият саҳми муносиб мегузорад.

Ҳанӯз соли 1992, санаи 16-уми декабр нахустин шумораи рӯзнома, дар рӯзҳое, ки қонуну қарорҳои Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бовусъат ба ҳаёт татбиқ мекарданд, бо дастгирии кумиҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Хуҷанд рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» интишор ёфт ва боиси шодию нишоти хуҷандиён гардид.

Имрӯз ба таъсисёбии рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» 30 сол пур шуд. Барои таърих 30 сол фурсатест кӯтоҳтар аз фурсати як миҷа задан, аммо барои инсон 30 сол як қисмати бузурги зиндаги ӯст.

Таъкид шуд, ки аз рӯзҳои аввали интишорёбии рӯзнома қаламкашон, рӯзноманигорону адибони шаҳри Хуҷанд бо дилбастагии зиёд ба идораи рӯзнома омада, бо матлаби ҷолиб, хабару мақолоти аҷиб, бо маслиҳату машварат баҳри хонданиву ҳадафрас гардидани рӯзнома, аҳли эҷод ва умуман, ҷаридаи навбунёдро дастгирӣ кардаанд.

Нахустин сармуҳаррири рӯзнома устод Абдулмаҷиди Бобоҷониён бо ҷалби рӯзноманигорони варзида Карими Шариф, Муҳайё Воситзода, Рита Ан, Мирзоғанӣ Валиев, Солеҳи Зарифзод, Неъмати Оташ, Монаднисои Қурбон, Ҷумъаи Ҷамол ва дигарон идора ва ин оинаи шаҳрдорӣ – Тирози ҷаҳонро ба макони омаду рафти шаҳрвандон, ҷойи ифшои розу ниёз табдил дод. Ин аст, ки рӯзнома сол аз сол бо аҳолии шаҳр ва атрофи он қаробати бештар пайдо намуда, ба қавле, пуле гардид миёни Мақомоти иҷроия ва аҳолии шаҳр. Дар иҷрои ин рисолати бузургу таърихӣ, то ба мардум расонидани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, иҷрои барнома ва стратегияҳои милливу давлатӣ кормандони рӯзнома содиқонаву софдилона заҳмат кашида истодаанд. Боиси сарфарозист, ки устод Абдулмаҷиди Бобоҷониён имрӯз низ заҳмат мекашад ва барои хонандагон саҳифаи «Фарҳанг»-ро омода месозад. Ин саҳифа ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе интишор гардида, ба яке аз саҳифаҳои хонданибоб табдил ёфтааст.

Метавон бо ифтихор ва саодати бузург номи устодон, ҳамдилон ва ҳампешагони худ Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона, Аҳмадҷони Раҳматзод, шодравон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, профессорон Усмонҷон Ғаффоров, равоншод Абдулманнони Насриддин, Матлубаи Мирзоюнус, Носирҷон Салимов, устодоне, ки имрӯ қатори мо нестанд Ӯғулой Аҳмадова, Озод Аминзода, Турдихон Бердиева, Ҳамдам Очилов, Александр Дун, Абдулло Мирбобо ва дигарон, ҳамзамон адибон Ӯлмаси Хол, Матлуба Ёрмирзоева, Александр Радушкин ва дигаронро ба забон овард, ки аз шумораҳои нахустини интишорёбии рӯзнома дар паҳлӯи ҳайати эҷод буданд ва бо маслиҳату машварат, бо осори хеш рӯзномаро боз ҳам хонданиву пурмӯҳтаво кардаанд.

Аз соли 1998 то соли 2013 зимоми роҳбарии идораи рӯзномаро рӯзноманигори хушсалиқа, Шаҳрванди фахрии Хуҷанд устод Мавлуда Шарифова бар ӯҳда гирифт ва дар пешбурди кори эҷодиву тарбияи кадрҳои ҷавони рӯзнома саҳми муассир гузошт.
Шоири зиндаёд, дорандаи ордени Шараф устод Неъмати Оташ, ки вазифаи муовинии сармуҳаррири рӯзномаро бар ӯҳда дошт, аз соли 2013 бо Қарори Раиси вилояти Суғд сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд» таъин гашт ва то рӯзи вопасин ин вазифаро бар ӯҳда дошт.

Алҳол сармуҳарририи рӯзномаро рӯзноманигори варзида, қаламкаши моҳир, зани фарҳангдӯсту шогирдпарвар Муҳайё Воситзода бар дӯш дошта, барои равнақ ёфтани рӯзнома талош меварзад. Барои рангину хонданибоб гаштани он саҳми мухбирони имрӯзаи нашрия Мавзуна Ваҳҳобова ва Таҳмина Аюбова, зеббахш Комрон ва Муллоқурбон Раҷабзодаҳо хеле бориз аст.

Рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» ин нахли даврони соҳибистиқлолии кишвар тӯли 30 соли фаъолият ба дарахти борвар бадал гаштааст. «Тирози ҷаҳон» чун яке аз васоити ахбори оммаи расмии маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд барои хонандагонаш муаррифӣ шудааст ва дар тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар таҳкими сулҳу суботи кишвар, пойдории истиқлолият ва амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузошта истодааст.

Таваҷҷӯҳи нашрияҳои дигар, новобаста аз шакли моликияташон, ба рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» хеле калон аст. Дар натиҷаи гузарондани санҷиши тӯлонӣ Маркази татқиқоти сотсиологии «Зеркало» муқаррар намуд, ки нашрияи «Тирози ҷаҳон» рӯзномаи хонотарин дар вилояти Суғд аст. Ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» соли 2006-ум, №14 забони рӯзномаи «Тирози ҷаҳон»-ро соф, адабӣ ва равон маънидод кардааст. Соли 2008-ум ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик Маркази таҳлил ва иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои муайян кардани Рӯзномаи беҳтарини сол пурсиши умумӣ гузаронд. Аз рӯи пурсиши афкори умум рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» баҳои баландтарин гирифт ва бо сипосномаи Раиси вилоят сазовор гардонида шуд.

Дар маҳфил собиқадорон ва собиқ сармуҳарирони рӯзнома Абдулмаҷиди Бобоҷониён ва Мавлуда Шарифзода низ баромад намуда, андешааҳои хешро дар хусуси рӯзномааи “Тирози ҷаҳон” баён доштанд.

Муҳайё Воситзода сармуҳарири рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” барои таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ ба роҳбаарияти шаҳри Хуҷанд миннатдории ҳайати рӯзномаро баён намуд.

Сипас ба собиқадорон, ҳайати эҷодӣ, техникӣ ва фаъолони рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд