(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони болаёқат, навовар ва ихтироъкор толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иштироки директори муассиса, номзади илмҳои тиб Алимат Мавлонзода ва ҳайати устодону донишҷӯён чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ба ғолибони озмунҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ , аз ҷумла "Донишҷӯи сол-2022"," Волонтёри сол-2022"," Варзишгари сол-2022", иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии" Илм фурӯғи маърифат", «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"," Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ва ҷавонони фаъоли муассиса, ки дар соли 2022 дар пешрафти ҷомеа саҳми худро гузоштанд дар умум беш аз 22 нафар бо сипоснома ва маблағҳои пулӣ қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон як гуруҳ волидайни донишҷӯён, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фарзандонашон ғолиб омадаанд, бо сипосномаи маъмурияти муассиса сарфароз гардонида шуданд.

Такъид шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани саводнокиву маърифатнокии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон, рушди таҳсилоти олии касбӣ, пайваста баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисон, тавсеаи доираи ихтисосҳо ва ҷустуҷӯву дарёфти роҳу усулҳои наву пешрафта дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати маорифпарваронаи хеш қарор додаанд. Ва таъкид намудаанд, ки давлатро кадрҳои донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ватанпарвар обод мекунанд. Ватан ва давлатро ҳаргиз бо ҷаҳлу бесаводӣ пеш бурдану соҳибӣ кардан имкон надорад.

Бо ғамхориву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ҳоло донишҷўён, ки қишри сершумор ва неруи созандаи ҷомеа ба таълим фаро гирифтаанд, аз лиҳози шаклу мазмуни таҳсилот ва пояи моддиву техникӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ наздик шуда, мақому мавқеи худро дар ҷомеа тақвият бахшида истодаанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд