(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як зумра собиқадорон, беморон, ятимон ва дигар ашхоси камбизоатро аёдат карда, эшонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдати сокинон зикр дошт, ки имрӯзҳо дастгирӣ намудани табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ ба хусус беморону ятимон ва бепарасторон ин нишони дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳандозии сиёсати иҷтимоии мамлакат мебошад.

Таъкид шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон авлавият дошта, аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави вилоят ин табақаи зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдомҳои ташаббуси хайрхоҳона инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд мегарданд.

Аёдатшудагон Абдуманнон Тошхўҷаев, яке аз соҳибкорони мувафақи ҷумҳурӣ, ки алҳол бемор аст, Абдуллоҷон Ҳошимов, Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени «Нишони фахрӣ», собиқадори соҳаи саноат, Маҳина Атақулова ва Инъомҷон Очилов, ки бо амри тақдир аз волидайн маҳрум шудаанду алъон бо бобою бибиашон зиндагӣ мекунанд, ба роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён карданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд