(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРисолати мураккаб, пурмасъулият ва пурифтихор

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тамоми кормандони мақомоти амниятро бо Иди касбиашон табрику таҳният намуда, барояшон дар иҷрои вазифаи басо мураккабу пурмасъулият ва айни замон рисолати пурифтихорашон саодатмандии рўзгор, саломатии бардавом ва дар ҷодаи фаъолияти содиқона матонату қавиродагӣ ва ҷасорати бемислро орзумандам.

Боиси тазаккур аст, ин ниҳоди истихборотӣ ва зиддистихборотиест, ки вазифаи асосии он таъмини амнияти миллӣ ва давлатии Тоҷикистон мебошад. Ба вазифаҳои асосии КДАМ Тоҷикистон таъмини амнияти дохилӣ ва марзбонӣ, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои муташаккил шомиланд. Нақши кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ бемисл буда, хизматҳои шоистаи фарзандони содиқи Ватан ва ҳомиёни марзу буми кишвар ҳамеша аз ҷониби Роҳбарияти Давлату Ҳукумат қадршиносӣ мегарданд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду суханрониҳои хеш доимо аз шароити душвору печида ва мураккаби ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар аксар давлатҳои сайера изҳори нигаронӣ намуда, таъкид менамоянд, ки дар ин ҷода аз ҳар як хизматчии низомӣ маҳорати баланди касбӣ, ҳушёрӣ ва садоқат ба давлату миллат талаб карда мешавад.

Боварӣ дорем, ки ҳар як корманди мақомоти амният дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва фароҳамсозии фазои амну осишта ҳиссаи сазовори хешро мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо Иди касбиашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи иҷрои рисолати бузург-ҳимояи неъматҳои муқаддасу беназир озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ барору комёбиҳо орзумандам.

Иди касбӣ муборак, фарзандони содиқи Ватан!