(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як қатор собиқадорони соҳаи маориф, фарҳанг, саноат, хизмати давлатӣ, ки баҳри пешрафту рушди Давлату миллат саҳми шоиста гузоштааанд, аёдат намуда, бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт.

Шаҳрдор Фирдавс Шарифзода зимни аёдати доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академик Маҳмуд Боқиев, собиқадори соҳаи саноати сабук Муҳаббат Ҳомидова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Нурулло Ғиёсов ва омўзгор Мавлуда Ғиёсова, собиқадорони хизмати давлатӣ Сайфулло Ҳабибуллоев, Ғафур Дадоҷонов, шоир Ўлмаси Хол ва дигарон аз дастоварду комёбиҳои соли сипаришудаистода ёдоварӣ намуда, хизмати собиқадоронро дар ин арса муҳим арзёбӣ кард.
Таъкид шуд, ки аёдати собиқадорони соҳаҳои мухталафи ҷомеа аз таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сарчашма гирифта, эшон раҳнамо ва ҳидоятгари насли ҷавон мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академик Маҳмуд Боқиев 23 апрели соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1969 ба факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1973 хатм кардааст. Аввал дар мактаби миёна сипас дар Донишкадаи давлатии омўзгории Хуҷаанд аз ассистенти кафедраи забон ва адабиёти рус то ба ваифаҳои мухталиф кор наамудааст. Дар баробари кор дар кафедра дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии масъалаҳои маорифи халқи РСФСР (1980-83) таҳсил кардааст. Пас аз хатми аспирантура дар соли 1983, ки аллакай ассистент буд, мудири кафедраи забони русии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинград шуд. Солҳои 1990-1992 рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Соли 1995 ба вазифаи ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии НПО РФ гузашт (1995-98). Солҳои 1998-2008 ректори Донишгоҳи муосири гуманитарии Русияву Тоҷикистон буд.
Академик Маҳмуд Боқиев муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ мебошад. Барандаи ҷоизаи байналмилалии Сократи Оксфорд барои навоварӣ дар соҳаи маориф ва илм. Барандаи медали «Нишони фахрӣ». Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон. Асосгузори аввалин донишгоҳи Русия дар вилояти Суғд мебошад.
Доктори илмхои педагогӣ, профессор, академик Маҳмуд Боқиев, собиқадори соҳаи саноати сабук Муҳаббат Ҳомидова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Нурулло Ғиёсов ваа омўзгор Мавлуда Ғиёсова, собиқадорони хизмати давлатӣ Сайфулло Ҳабибуллоев, Ғафур Дадоҷонов, шоир Ўлмаси Хол аз таваҷҷуҳи доимии Роҳбрияти Давлату Ҳукумат ва ободию шукуфоии шаҳри бостонии Хуҷанд ёдоварӣ намуда, ҳамаи онро самараи Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуданд. Таъкид доштанд, ки то ҷон дар рамақ доранд баҳри машварату раҳнамоӣ омода буда, дар ҳамҷоягӣ ба ободонию сарсабзии диёр камари ҳиммат мебанданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд