(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altПрезиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли 2022 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар панҷ соли охир таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр намуданд, ки «Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд.

Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд”.

Бо мақсади амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёди як қатор корхонаҳои истеҳсолии воридотивазкунанда бомаром идома дорад.

Субҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади ошноӣ аз раванди бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо чанде аз онҳо ошноӣ пайдо намуд.

Дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бо иқдоми муассисони ҶДММ Папириус» сохтмони корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ бомаром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷамъият дар ояндаи наздик коргоҳи бузурги коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонанд, ки он пурра воридотивазкунанда буда, талаботи рўзафзуни аҳолиро ба ин намуди маҳсулот то қадри имкон қонеъ менамояд. Ояндаи наздик баъди истифодадиҳӣ дар корхона намудҳои гуногуни дафтар ва дигар анвои ашёи хониш истеҳсол карда мешавад. Алҳол корҳои сохтмонӣ бо фарогирии 30 нафар сохтмончиёни ҶДММ “Бунёдкор–Бунёд” дар майдони беш аз 1,5 гектар дар 3 иншоот корҳои бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои бонуфи Ҷопон ва Олмон ворид карда мешаванд ва баъди истифодадиҳи беш аз 40 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Фирдавс Шарифзода бунёди чунин корхонаи саноатиро талаби замон унвон намуда, ҷиҳати суръатбахшии корҳо ва зимни бунёди он истифодаи бештари маҳсулоти ватанӣ дастуру супоришҳо дод.

Зимни шиносоӣ бо сохтмони коргоҳи коркарди гўшти мурғ ва истеҳсоли ҳасиби ҶДММ”Насиби ширин” дар ҳамин мавзеъ иттилоъ дода шуд, ки он бо саҳми соҳибкори ватанӣ Салимҷон Ҷўраев бунёд гардида, он асосан ба коркарду басту банди гўшти мурғ ва истеҳсоли ҳасиб машғул хоҳад шуд. Мурғҳои забҳмешуда пурра дар фермаи ин ширкат парвариш меёбанд. Корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ бомаром идома ёфта, таҷҳизоти коргоҳ дар оғози соли 2023 ворид карда мешавад. Баъди истифодадиҳии ин коргоҳ беш аз 40 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба роҳбарияти ширкат ҷиҳати ворид намудани технологияи муосир ва афзун намудани номгўйи ҳасибҳои истеҳсолмешуда бо сифати баланд дастуру супоришҳо дод.

Дар микроноҳияи 27-уми шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ширкати ҶДММ “Сохтмони Кабир” корхонаи истеҳсоли конструксияҳои оҳанӣ ҷараён дорад. Иқдоми бунёди чунин корхонаи саноатии воридотивазкунанда аз ҷониби соҳибкор ва сохтмончии ватанӣ Комил Турдибоев ба даст гирифта шуда, ширкати мазкур дар ояндаи наздик тамоми иншооти бузурги бо конструксияҳои оҳанӣ сохташавандаро дар дохили кишвар роҳандозӣ менамояд. Ширкат дар ин самт аллакай таҷриба кофӣ ба даст оварда дар иншооти гуногуни мамлакат, аз ҷумла чойхонаи “Қасри Арбоб”, Маҷмааи “Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд, “Қалъаи Хуҷанд”, Мақбараи Камоли Хуҷандӣ ва дар барафрохтани беш аз 25 адад Парчами миллӣ дар шаҳру навоҳии кишвар саҳми муносиб гузоштааст.

Шаҳрдор Фирдавс Шарифзода ба ин иқдоми ватандўстонаи соҳибкор изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри ободонӣ ва зеббахшии ҳудуди корхонаи бунёдшавандаа дастуру супоришҳо дод.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд