(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи сеюми илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Технологияҳои муосир дар электроэнергетика ва саноат” доир гардид.

Қабл аз баргузории чорабинӣ бо иштироки масъулини намояндагони НБО-и Қайроққум, ҶДММ "Ҷавонӣ", ФҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистон, ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Гулистон, ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар доир шуда, барои пешравиҳои соҳа таклифҳои судманд дода шуд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба илм ва инноватсияи донишкада Усмонҷон Ахмедов оғоз шуд. Номбурда салому паёми директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба аҳли ҳозирин расонида, аз саҳми ин муассисаи таълимӣ дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси соҳаи барқ ёдовар шуд. Зикр гардид, ки дар давоми даҳ соли охир дар зинаи бакалавриат зиёда аз 1500 нафар, зинаи магистратура 140 нафар ва зинаи докторантураро 12 нафар хатм намуданд. Ин мутахассисон дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои барқии вилоят ва мамлакат бомуваффақият кору фаъолият мебаранд.

Бо дастгирии раёсати Донишкада дар солҳои охир пояи моддию техникии ин кафедра тадриҷан мустаҳкам гаштааст. Ҳоло дар назди ин кафедра 6 озмоишгоҳҳои бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидашуда фаъолият мебарад, ки барои гузаронидани машғулиятҳои озмоишӣ, корҳои илмиву тадқиқотӣ аз тарафи донишҷӯён, магистрантону докторантон мусодат мекунад. Аз тарафи устодони кафедра 4 патент, зиёда аз 300 номгӯй мақолаҳои илмӣ тайёр намуда дар конференсияҳои сатҳаш гуногун аз рӯи мавзӯи илмии кафедра баромад намудаанд, аз ҷумла 3 монография, 10 мақолаҳои сатҳи Скопус, 80 мақолаҳои сатҳи КОА ФР ва ҶТ, 100 – дар сатҳи РИНЦ чоп шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки ду нафар устодони кафедра Тошхӯҷаева М.И. ва Исломов И. рисолаҳои номзадии худро дар Донишгоҳи техникии шаҳри Чебоксари Федератсияи Россия ҳимоя намудаанд. Ҳоло боз 2 рисолаҳои илмӣ барои ҳимоя омода мебошад.

Устодони кафедра барои баланд бардоштани сифати дарсҳо зиёда аз 10 адад китобҳои дарсӣ ва 50 дастурҳои методиро аз чоп баровардаанд. Давоми ду соли охир устодони кафедра ду олимпиадаи байналмилалии донишҷӯён бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳҳои техникии Қазон ва Чебоксари ФР гузаронидаанд ва ҷойҳои намоёнро соҳиб гардидаанд.

Дар идомаи чорабинӣ аҳли иштирокдорон маърӯзаҳои илмии Авезов Азизулло Ҳабибович, профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимиро дар мавзӯи “Современное состояние и перспективные направления развития электроэнергетики Республики Таджикистан”, Рахимов Охунбобо Сайфиддинович, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, и.в. профессори кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаро таҳти унвони “Муаммоҳои тайёр намудани кадрҳои муҳандисӣ дар системаи маълумоти олии касбӣ дар соҳаи электроэнергетика ва электротехника”, Қодиров Абдураҳмон, н.и.ф.-м., дотсенти кафедраи таъминоти барқи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистонро бо номи “Физика ва техникаи табдилдиҳии энергияи пневматикии баландфишор ба энергияи электрикӣ” ва Ваҳобов Обиддин Исомиддинович, сардори хадамоти истеҳсолӣ-техникии ФҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистон зери унвони “Сарфаи барқ ва истифодаи босамари энергия” шуниданд.

Дар баромадҳо таъкид шуд, ки муҳимтарин дастовардҳои соҳа ин мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди нерӯи барқ, ба монанди нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда 1», «Сангтӯда-2», Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2, бо иқтидори умумии 1320МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и Норак», хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» (ба масофаи 263,8 км), «Роғун-Душанбе» (ба масофаи 200 км) зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран-2», «Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар НБО-и Норак» ва НБО-и «Қайроққум», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон» (53,3 км) «Тоҷикистон-Афғонистон» (116 км), «Хуҷанд–Айнӣ» (83,2 км), «Қайроққум-Ашт» (74 км), «Геран-Румӣ» (78 км), Қайроққум-Суғд (63,3) ва Айнӣ-Рудакӣ (95 км) ба масофаи умумии 565,8 км ба шумор мераванд. Гузашта аз ин ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат оид ба эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфтанд. Ин ташаббус ба рушди энергетикаи “сабз” дар минтақа хеле саривақтӣ ва манфиатовар аст.

Дар қисмати дуюми кори конфронс дар бахшҳои энергосарфа ва технологияҳои муосир дар саноат ва рӯзгор, муаммоҳои устувории обию энергетикӣ дурнамои истифодаи энергетикат гармоӣ ва тамоюлҳои муосир ва омода намудани кадрҳои муҳандисии ихтисосҳои элнектроэнергетикӣ ва элнектротехникӣ дар шароити муосир 75 мақолаҳо шунида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд