(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз ҷомеаи донишҷӯёну устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ тариқи оинаи нилгун Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд.

Зикр гардид, ки дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.
Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Таъкид шуд, ки бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.
Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Дар ин самт, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.
Ҳамзамон бо ин, супориш дода шуд, ки вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд