(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолони худ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар – Ватан машғуланд, дар арафаи таҷлили соли нави мелодӣ чорабинии идонаро дар Қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуданд.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, намояндагони кумиҷроияи вилоятӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии «Беҳдошт», “Амонатбонк”, занони фаъоли ҲХДТ ва ҷавонони лаёқатманд иштирок доштанд.

Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ифтитоҳ бахшида, табрикоти солинавии кумиҷроияи шаҳриро ба самъи афсарону сарбозони қисми низомӣ расонид. Ҳамчунин қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмадандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари маҳбуби мо дар ҷаҳон муаррифӣ гашта, имрӯз чун кишвари дорои тамаддун ва арзишҳои бой эътибор пайдо кардааст.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода табрикоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ ба афсарону сарбозони қисми низомӣ расонида, афсарону сарбозонро ба хизмати содиқона ва ҳимояи манфиатҳои давлат даъват намуд. Таъкид дошт, ки имрӯз давлату ҳукумат масъулияти басо муҳим, - ҳимояи арзишҳои давлатдориро ҳамчунин ба сарбозони шуҷои Ватан бовар намудааст. Бо назардошти ин таваҷҷӯҳу ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, таъмини шароити хизматии ҳомиёни Ватан ҳамешагӣ аст.

Сипас, собиқадори ҳизб Хайринисо Темирова аз номи кулли модарон хизматчиёни ҳарбии қисми низомиро ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023 табрику муборакбод намуд.

Аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрӣ ва бо саҳмгузории ташкилотҳои ибтидоии «Амонатбонк», «Беҳдошт», «Султон Урунов» ва «Маркази хун» ба афсарону сарбозони қисми низомӣ маводҳои хӯрока аз қибили нон, самбуса, меваю сабзавот, обҳои ташнагишикан ва шириниҳо дастрас карда шуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ баҳри болидахотирии афсарону сарбозон барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омода гардида буд, пешкаш гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд