(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии собиқадорони меҳнат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода чанде аз собиқадоронро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф Файзӣ Ғафурова ва Тавҳида Баҳриддинова, ки аввалӣ 40 сол ва дуюмӣ 50 сол собиқаи корӣ дошта, дар тарбияи насли наврас умри худро бахшидаанд, хабар гирифт. Дар суҳбат бо собиқадорон роҳбари вилоят аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф ва саҳми бонувони соҳибтаҷриба дар таълиму тарбияи шогирдон ёдоварӣ карда, ба собиқ омӯзгорон тансиҳативу хотирҷамъӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода сокини маҳаллаи Чорчароғи шаҳр Даврон Атаевро, ки дар бистари беморӣ қарор дорад, аёдат намуда, ба оилаи номбурда кумакҳои моддӣ расонид. Таъкид карда шуд, ки дастгирии ятимону маъбон, беморону шахсони яккаву танҳо дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дошта, роҳбарияти вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ба оилаҳои ниёзманд мунтазам кӯмак мерасонад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд