(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақша- чорабинии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва нақшаи муассиса дар МТУҒ «Гулчини маърифат» санаи 21.12.2022 дарси намунавии шаҳрӣ аз ҷониби омӯзгорони фанни география ва физика, ки тариқи шартнома аз Федератсияи Руссия дар муассисаи мазкур кор ва фаъолият мебаранд, бо мақсади дар амал татбиқ намудани “Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2020-2040” баргузор карда шуд. Дар дарси кушод меҳмонон аз ҳамаи макотиби Хуҷандшаҳр ширкат варзиданд.


Дарси кушоде, ки аз ҷониби омӯзгори навовару эҷодкор Бородина Елена Николаевна дар синфи 6 “б” аз фанни география дар мавзӯи «Вулкан» гузаронида шуд, хеле ҷозибу рангин ва шавқовар буд. Дарс бо кори дунафара бо гирифтани лифофа бо супоришот аз ҷониби омӯзгор оид ба вулқон оғоз гардида, дар натиҷаи тартиб додан аз кошинкорӣ тасвири вулқон ҳосил гардид, ки он мавзӯи навро фарогир буд. Дарс бо воситаи пешкаши маводҳо аз тахтаи электронӣ, ки ба синну соли хонандагон мувофиқат мекард, ҳамчунин истифодаи бозиҳои дидактикӣ, саволу ҷавобҳо бо воситаи варақаҳои фардии шавқовар, ҳалли супоришоту ҷобаҷогузории расмҳои бурида ва сохтани аппликатсияи вулқон ва қисмҳои он, шарҳу эзоҳи он, шарҳи аломатҳои шартӣ оид ба вулқон аз харита, намоиши тасвири Карл Брюллов ва шарҳи он, пешкаши хабар аз воситаи ахборӣ оид ба вулқон, гузаронидани кори таҷрибавӣ ва ҳосил намудани вулқон, дигар усулҳои фаъоли таълим истифода бурда шуд. Дарс хеле шавқовару пурмазмун гузаронида шуда, аз ҷиҳати илмӣ-методӣ, тарбиявӣ ва ба талаботи дарси муосир ҷавобгӯ буд. Бо якчанд фанҳо, ба мисли фанни забони модарӣ ва адабиёт, санъати тасвирӣ, технология, ва ғайра алоқамандкунии зич зоҳир гардид. Истифодаи воситаҳои техникаҳои таълим, тахтаи электронӣ, аёниятҳои гуногуни зебову диққатҷалбкунандаи таълимӣ пурсамар истифода бурда шуд.

Дарси дигар аз ҷониби Бурделёв Павел Александрович омӯзгори фанни физика дар синфи 8 “б” дар мавзӯи “Электризация тел при соприкосновении. Взаимодействие зараженных тел” аз ҷиҳати илмӣ асоснок, айёнӣ ва бо шукӯҳу босамар гузаронида шуд.
Дарс бо ба ҷо овардани одоби муошират оғоз гардида, сипас дар муддати 2 дақиқа аз хонандагон оид ба падидаҳои физикӣ ва хелҳои он аз тахтаи электронӣ пурсиш гузаронида шуд. Бо воситаи кори таҷрибавӣ ва суолу ҷавобҳои хонандагон мавзӯи нав маълум карда шуд. Хонандагони синф дар ҷои нишасти худ низ бо таҷриба машғул гашта, расми кори таҷрибавиро дар тахтаи синфӣ тасвир карданд. Ҳамчунин намоиши видеоролику корҳои таҷрибавӣ ва алоқамандкунӣ бо дигар фанҳову ҳаёти имрӯза, саёҳат ба саҳифаҳои таърихии асрҳои пешин, ҳалли мисолу масъалаҳои физикӣ доир ба мавзӯъ, муаммогузорӣ ва якчанд супоришоти таълимиро фаъолона иҷро намудани толибилмон дарсро пурсамару рангин гардонид. Ҳамаи хонандагон аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои пешкашшуда баромада тавонистанд. Омӯзгор дар дарс аз аёниятҳои гуногуни зебову диққатҷалбкунандаи таълимӣ пурсамар истифода бурд.

Дар охир директори муассиса Матлуба Муинова ба меҳмонон барои иштирок ба дарсҳо сипозгузории худро баён намуда, таъкид намуданд, ки баргузории чунин дарсҳо боиси баланд гардидани савияи дониши толибилмон ва табодули таҷрибаи омӯзгорон мегардад. Ҳамчунин барои дарси беҳтарин ба омӯзгори фанни география Бородина Елена Николаевна миннатдории хешро баён намуда, ҳамчун рамзи сипос ба ӯ барои кабинети география аз номи муассис Мақсуд Зиёбоев ба заррабини замонавиро тақдим намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд