(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаҳои 5-11 декабри соли 2022 дар шаҳри Белоярскийи Округи Мухтори Ханти-Мантискии Федератсияи Россия мусобиқаи 19-уми байналхалқии Ҷоми ҷахон оид ба бокс ба хотираи Каҳрамони меҳнати Сотсиалисти Ф.К.Салманов баргузор гардид, ки дар ҳайати дастаи яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон дастпарвари Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ» -и шаҳри Хуҷанд Шаҳбоз Ҳаитов бо роҳбарии мураббӣ Хуршед Абдуллоев иштирок намуда, сазовори ҷои дуюм, яъне медали нуқра гардид.

Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни 86 кг баромад карда, ба панҷ ҳарифаш дастболо гардид, вале дар даври ниҳоӣ мағлуб шуд ва ба гирифтани медали нуқраи мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди бокс комёб шуд. Ба ғолибон диплом ва медалҳои мусобиқа тақдим гардид.

Бояд қайд намуд, ки Шаҳбоз Ҳаитов 19 июли соли 2002 таваллуд шуда, зиёда аз 5 сол дар намуди варзиши бокс машқу тамрин менамояд.

Шаҳбоз Ҳаитов дорандаи унвони Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷиикистон, ҷоизадори чемпионати Осиё байни наврасон дар шаҳри Тошканд ва ҷоизадори мусобиқаи 19-уми байналхалқии Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс ба хотираи Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Ф.К.Салманов дар шаҳри Белоярскийи Округи Мухтори Ханти-Мантиски Федератсияи Россия мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд