(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Аҳли сухану кормандони васоити ахбори омма, аҳли эҷоди рўзномаи «Тирози ҷаҳон»! Матбуот ва васоити ахбори умумро кашфиёти нодири башар унвон кардаанд, ки барҳақ дуруст аст. Зеро он ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарўзаи мардум аст. Рўзномаву маҷалла, телевизиону радио - инҳо васоите мебошанд, ки ба зиндагии ҳаррўзаи мардум ворид шудаанд ва оилае, хонаводае ва ё нафаре нест, ки имрўзҳо аз воситаи иттилоърасони гуногун истифода набарад. Тавре дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора кардаанд: «Нури маърифате, ки аз равзанаи матбуот зиёиёни миллат рўшан карда буданд, то ба имрўз дилу дидаи ҳазоронро мунаввар месозад». Яъне, матбуот чароғи равшанест, ки мардумро аз пайи хеш мебарад.

Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд - “Тирози ҷаҳон» яке аз ин гуна васоити ахбори омма аст, ки зиндагии мардум, хидмати шаҳрдорон, амалишавии барномаву дастурҳои давлату ҳукумат дар он инъикос меёбанд.

Ягона нашрияи расмии «Тирози ҷаҳон» 16 декабри соли 1992 бо кўшишҳои пайгиронаи рўзноманигорони ҳирфаӣ Абдулмаҷиди Бобо- ҷониён, Карим Шариф ва Муҳайё Воситзода ба нашр расида, бо мурури вақт ба ҳайати эҷодӣ рўзноманигорони хушсалиқаву соҳибис- теъдод аз қабили Мирзоғанӣ Валиев, Неъмати Оташ (равоншод), Ҳадя Набизода, Ҷовид Ниёзӣ, Монаднисо Рустамова ва баъдтар Таҳмина Аюбова, Мавзуна Ваҳҳобова ва дигарон ҷалб гардиданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки рўзномаи «Тирози ҷаҳон» ҳамсоли Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки чанде қабл 30 солагии ин тадбири тақдирсоз мутантан таҷлил гардид. Он рўзҳо рўзнома дар тарғибу ташвиқи фаъолият ва дастовардҳои Иҷлосияи тақдирсоз нақши бориз гузоштааст.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд. Роҳбари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон борҳо таъкид месозанд: «Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат намоянд».

Ин рисолати пуршарафро аҳли эҷоди рўзномаи «Тирози ҷаҳон» аз рўзи таъсисёбии хеш ба анҷом расонида меояд. Таъсиси гўшаву саҳифаҳои нав, тарҳи наву муосир, баррасии масоили доғу рўзмарра аз вазифаҳои доимии рўзнома қарор дорад. Мутмаинем, ки минбаъд низ аҳли қалами рўзномаи «Тирози ҷаҳон» ин рисолати хешро бо садоқати ватандорӣ идома медиҳад ва сокинони шаҳрро бо навидҳои созанда бохабар месозад.

Бо истифода аз фурсати муносиб аҳли эҷод ва хонандагони рўз-номаи «Тирози ҷаҳон»-ро бо 30-со- лагии таъсисёбии ҷаридаи маҳбубашон табрику муборакбод намуда, боварии комил дорам, ки аҳли қалами рўзнома дар амалӣ гаштани ҳадафҳои нек ва иқдомҳои созанда, беҳтар шудани сатҳи маънавият ва зиндагии мардуми шаҳри бостонии Хуҷанд саҳми амиқ мегузоранд.

Ҷашни сисолагӣ муборак, аҳли қалам ва шаҳрвандони гиромӣ!