(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ ва дигар ниёзи аввалия баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровон намудани ин тадбири муҳими аҳамияти иҷтимоидошта дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот аз бозор 10-20 фисад арзон бошад. Таваҷҷуҳи бештар ба афзун намудани номгуйи маҳсулоти ниёзи аввалия карда шуд, то ин, ки дастархонаи идонаи мардум бо нархҳои дастрас таъмин карда шавад.

Зимни суханронии худ Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар назди ҳозирин таъкид намуд, ки ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ ва дигар ниёзи аввалия дар остонаи Соли нави мелодӣ тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фаровон ва ғанӣ намудани хони солинавии мардум сурат гирифта, ҳадаф бо нархи дастрас, мустақиман аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ дастрас намудани он мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд