(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзида, ба дастовардҳои баланд ноил шуданд. Чунончи дар даври ҷумҳуриявии озмун шогирдони донишкада Мирзомуин Дадохонов, донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 40 0101 аз номинатсияи технологияи иттилоотӣ ба гирифтани мақоми дуюм, Меҳрангез Зоҳирова, донишҷӯи курси 3, гурӯҳи 25 0104 аз номинатсияи химия сазовори ҷои 3, Мафтуна Қуддусова, устоди кафедраи математикаи олӣ ва физика аз номинатсияи физика соҳиби ҷои 3 - юм гардиданд.

Ҳамчунин донишҷӯён Эргашбоев Мирҷалол аз номинатсияи математика, Файзиев Амонҷон аз номинтсияи физика, Абдураупов Манучеҳр аз номинатсияи технология иттилоотӣ мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд. Ғолибияти донишҷӯён ва устодон самараи масъулияти баланди омӯзгорони соҳибкасби донишкада маҳсуб меёбад.

Бояд қайд намуд, ки ҳамасола бо иқдоми маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" дар баробари озмунҳои " Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" ва " Тоҷикистон Ватани азизи ман" дар сатҳи баланд доир мегардад. Ҳадафи аслии баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама, кашф ва дарёфти истеъдодҳои нав, бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наварасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон ба шумор меравад. Аз нигоҳи дигар, озмун яке аз муҳимтарин рукнҳои таблиғи «Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ» мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд