(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи хусусии «Ганҷ» бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили идона баргузор гардид.

Дар маҳфил хонандагони синфи 3 таҳти роҳбарии омўзгор Биомина Султонова доир ба муқаддасоти миллӣ-Парчами миллӣ шеъру суруд ва гуфторҳо манзур намуданд. Таъкид гардид, ки чун парчами ҳар халқ умеду армонҳои он миллатро ифода мекунад, парчами халқи некманиши тоҷик, ки бо гуфтору кирдору пиндори нек ном баровардаву сиришти хайрхоҳона дорад, пеш аз ҳама, парчами некӣ, парчами сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ низ маҳсуб мешавад. Парчами давлатии мо рамз аст, рамзест, ки ҳадафҳои баланду неки миллат ва кишвари моро ифода мекунад; рамзи давлатдорӣ, рамзи ватандӯстӣ, рамзи инсонигарӣ, озодию ободӣ ва созандагиҳое, ки имрӯзҳо саросари кишвари моро фаро гирифтаанду дар зери ин Парчами парафшони миллӣ амалӣ мегарданд.

Имрӯз мо бо эҳёи тозаи сарзаминамон, бо эҳёи дубораи Парчами давлатии худ ифтихор намудаву сарфарозӣ мекунем. Маҳз дар ҳамин Парчами миллии мо шараф, нангу номус, обрӯву ифтихор, иродаву матонат ва ҳама хуҷастагиҳои дигари халқамон, ҳама муқаддасоти дигари миллиамон чун рамз таҷассуми дурахшон доранд.

Сипас аз тарафи омўзгори фанни забони русии гимназия Шаҳло Қаҳҳорова дарси кушоди ҳисоботӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ва дарси кушод роҳбарияти муассиса таълимӣ, хонандагон, омўзгорон ва волидайн иштирок намуда, ба он баҳои баланд гузоштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд