(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №18-и шаҳри Хуҷанд машварати равоншиносони муассисаҳои таълимии шаҳр бо иштироки мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд М. Ҷабборова баргузор гардид.

Равоншиносони МТМУ №16 ва №23 Нигина Ахмедова ва Ҷумъаева Маҳастӣ доир ба хусусиятхои психологии синнусоли хурди мактабӣ, ҳаёти осоиштаи кӯдакон алайҳи зуроварӣ бо истифода аз слайдҳо баромад намуда, якҷоя роҳҳои пешгирӣ ва ислоҳнамоии ин гуна рафторҳои хонандагонро дарёфта, мвриди баррасӣ қарор доднд.

Ҳамзамон дар ҷараёни машварат чорабинии адабӣ фарҳангӣ, ки аз 2 қисм иборат буд, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони "Парчамат бодо парафшон, кишварам" ва "Биёед ҷаҳони кӯдаконро рангоранг бисозем" аз ҷониби хонанандагони муассисаи таълимии №18-и шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд