(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд имрўз дар маҳаллаи Сайҳуни шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъул бинои нави Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуд.

Бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шуда, аз таҳхона ва 5 ошёна иборат аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бинои нави маъмурӣ Кумитаи идораи замини вилояти Суғд, Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст.

Бино дорои 57 ҳуҷраи барҳавои корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар бино толори маҷлис бо 100 ҷойи нишаст, толори конфронсӣ ва китобхона мавҷуд аст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2017 бо фармоиши Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ширкатҳои маҳаллии бинокорӣ ва масолеҳи баландсифати сохтмонии ватанӣ ба иҷро расонида шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино равзанаи ягона мавҷуд мебошад, ки дар самти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул пешбинӣ гардидааст. Дар равзанаи ягона 7 нуқтаи бақайдгирӣ таъсис дода шудааст, ки мутахассисон бо истифода аз низоми муосири хизматрасонӣ ба муроҷиати шаҳрвандони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сатҳи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул хизмат мерасонанд.

Ҳадафи асосӣ аз ҷорӣ кардани низоми соддагардонидашуда ин мутобиқ намудани хизматрасониҳо ба талаботи замони муосир, саривақт ва босифат ба қайд гирифтани дархости шаҳрвандон ва сарфаи вақти муроҷиаткунандагон мебошад.

Минбаъд кормандони соҳа бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида дар бинои нави маъмурӣ ҷихати назорати самараноки истифодаи замин ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул фаъолияти содиқонаву босамар анҷом медиҳанд.

Дар таҳхонаи бино шуъбаи бойгонии Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст, ки дар он парвандаҳои бақайдгирӣ, заминсозӣ ва шиносномаҳои техникии биною иншооти таъиноти гуногун нигоҳ дошта мешавад.

Ба иттилои масъулон оянда дар ошёнаи панҷуми бино 3 ҳуҷраи меҳмонхона барои кормандони соҳа бо панҷ кати хоб ва толори хурди варзишӣ таъсис меёбад.

Бо қомат афрохтани бинои нави Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ин гўшаи шаҳри Хуҷанд зебоии дигар зам гардида, дар саҳни иншоот гулу буттаҳои рангоранг шинонида шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд