(2 овоз, миёна 3.50 аз 5)

Омӯзгорони шаҳри Хуҷанд иди касбии худро таҷлил намуданд.Дар маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи омузгорон маҷлиси тантанавии омӯзгорони муассисаҳои таълимии маркази вилоят баргузор гардид.
Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Муҳаббат Маҷидзода иштирок намуданд. Чорабинии идонаро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова ифтитоҳ намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кулли ҳозирин ва омӯзгорони шаҳрро бо иди касбиашон табрик намуд.
«Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат эълон кардаанд.
Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти соҳаи маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро мунтазам идома медиҳад. Дар ин давра барнома ва консепсияҳои муҳими давлатӣ дар соҳаи маориф қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ва сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид.
Барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои соҳаи маориф бо дастгирии ҳамаҷонибаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ як силсила тадбирҳо амалӣ карда шуд, ки дар натиҷа якчанд мактабҳои типи нав, замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, сатҳу сифати тарбия ва дараҷаи донишандӯзии хонандагон куллан беҳтар гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар соҳаи маориф тайи солҳои охир дастовардҳо хеле назаррасанд.
Бо кӯшишу щайрати омӯзгорон, мактабҳои шаҳр ба соли хониши нав омода карда шуд. Мактабҳо бо синфҳои муҷаҳҳазу муосири фаннӣ, техникаю технологияҳои замонавии таълимӣ таъмин шуда истодаанд.»
Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Муҳаббат Маҷидзода паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро   ба самъи ҳозирон расонд.
Дар ниҳояти чорабинии идона барои собиқадорон ва чанде аз омӯзгорони ботаҷриба Сипосномаю тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуд.