(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Нахустин ҷавонон аз шаҳриХуҷанд ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд.Имрӯз аз шаҳри Хуҷанд 40 нафар ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд.
Ба ин муносибат дар майдони маҷмаи ҳайкали Исмоили Сомонӣ чорабинии фарҳангии тантанавӣ ва маросими гусели нахустин даъватшавандаҳо бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Дар он ҳамчунин волидайни даъватшавандагон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, ва суд, аъзоёни комиссияи даъват, афсарону сарбозони қисми низомӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз ҳама кулли ҳозиронро бо Иди Қурбон, табрик намуда, барои ҷавонони даъватшуда, сарбаландӣ ва сиҳатмандӣ орзу намуда, таъкид намуд: «Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона месозем, то халқи азизамон дарк намояд, зеро Артише, ки марзашро ҳимоя карда метавонад ва мардумаш таҳти ҳимояи он аст, зиндагии осоишта ба сар мебарад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисос ва ботаҷриба, такмил додани сафҳои онҳо, беҳтар кардани шароити зиндагии афсарону сарбозон диққати махсус зоҳир менамоянд.
Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафта ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолат ва ӯҳдадориҳои ҳарбии худро дар назди Ватан – Модар бо сарбаландӣ иҷро менамоянд».
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Маҳмуд Ишонов, ҷанговари байналмиллал Ҷамшедҷон Хӯҷаев аз наваскарон даъват намуданд, ки барои бо сарбалани иҷро намудани қарзи модар- ватан ва барои ноил шудан ба номи пуршарафи сарбози ватан кӯшиш намоянд.
Сокини шаҳри Хуҷанд Кимсаной Раҳимова фарзанди худро баъди ба хизмати ҳарбӣ гусел намудан, ҳамроҳи волидайни дигар сарбозон ба минтақаи ҷануби кишвар сафар карда аз шароити хизмати фарзандаш бохабар шуда буд. Зимни суханронии худ аз шароити хуби сарбозон ёдовар шуда, қайд намуд,ки имрӯз барои хизмати сарбозон тамоми шароит мавҷуд аст.
Ҳамчунин модари ҷавони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда Монадҷон Ҳусейнхӯчаева аз номи волидайни даъватшудагон дуои нек намуд.
Ҳофизони шинохта Ҳасан Қамол, Абдураҳмон Нурматов бо суруду таронаҳои худ хотири иштирокдорони чорабиниро шод намуд.