(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сокинони шаҳри Хуҷанд  бо нарххои арзон маводи ғизо  харидорӣ намуданд.

Мувофиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷиктсон  Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ    доири сари вакт захира намудани маводи ғизо дар фасли зимистон  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар арафаи Иди забони тоҷикӣ, Рӯзи омӯзгорон ва Иди Қурбон  дар хиёбони «СитораҳоиХуҷанд»  ярмарка -фурӯши маҳсулои кишоварзӣ ва ниёзи аввала ташкил ва баргузор  намуд.
Раиси шаҳри  Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода ба мавзеи баргузории ярмарка-фурӯш омада,  аз маҳсулоти пешниҳод шуда, нарху сифати хизматрасонии фурӯшандагон  ошно гардид.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ба фурӯшандагон тавсия дода шуд,ки минбаъд  низ дар рузхои муқарраргардида маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас ва нисбатан арзон  манзури сокинони маркази вилоят намоянд. Деҳконону кишоварзони шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Ғончӣ, Шаҳристон, ва Б.Ғафуров ва Агентии  захираҳои  давлатӣ аз субҳи барвакт маводи худро аз қабили орду  биринҷ, картошка,сабзӣ,  тарбузу харбуз, пиёз ва  дигар маҳсулоти мевагию полезӣ  бо нарҳои то 30 фоиз арзон нисбат  аз  бозорҳои шаҳр  ба шаҳрвандон манзур намуданд.
Умуман дар ярмарка-фурӯш  6 тонна орд, 2 тонна гӯшт, 600 кг биринҷ, 10,5 тонна картошка, 10 тонна пиёз, 1,5 тонна сабзӣ, 1,5 тонна маҳсулоти лӯбиёгӣ, 500 кг ангур ва 2 тонна маҳсулотҳои дигари хӯрока пешкаш гардид.