(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрӯз тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар арафаи Рӯзи омӯзгорон ба манзили якчанд нафар бонувони собиқадори соҳаи маориф рафта, эшонро табрик намуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқоти самимӣ бо собиқадорони соҳаҳои маорифи шаҳр, аз ҷумла Бифотима Самадова ва Муҳаббат Шарифхўҷаева ва дигарон изҳор дошт, ки корномаҳои онҳо дар саҳифаи тиллоии таърих сабт гардида, пайваста ғамхориҳои Давлату Ҳукумат нисбати чунин бонувони фидокор амалӣ мегардад.

Таъкид шуд, ки ҳоло беш аз 90 фоизи кормандони соҳаи маорифи Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр муаллимаю мураббияҳои азиз рисолати муқаддаси омӯзгорию тарбиятгарии худро бо маҳорату малакаи воло, бо муҳаббату самимияти бепоён иҷро намуда, ба насли наврас сабақаи маърифату одамият меомӯзанд. Шумоён ҳамчун олиҳаву орифаҳои покиву садоқат, машъалафрӯзони зиндагӣ ва ҳидоятгарони некиву накӯкорӣ фарзан-дони мардумро дар рӯҳияи садоқат ба арзишҳои миллию умумибашарӣ ба камол мерасонед.

Аёдатшудагон аз чунин ташаббус изҳори миннатдорӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, баҳри амну осоиштагӣ ва пойдори Ваҳдат дар мамлакат дуои хайр намуданд.
Боядқайд намуд, ки Бифотима Самадоваи 90 сола, беш аз 51 сол дар соҳаи маорифи шаҳр, аз ҷумла дар гимназияҳои №1 ва 4 меҳнати содиқона анҷом дода, бо нишонҳои олии соҳавӣ “Аълочии маорифи халқи ИҶШС”. “Муаллими халқии ИҶШС” ва “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадршиносӣ шудааст. Соҳиби 3 фарзанд ва 20 набераю 25 абера мебошад.
Муҳаббат Шарифхўҷаеваи 82 сола низ, давоми зиёда аз 50 сол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Хуҷанд ҳазорҳо нафар наврасон дарси зиндагӣ омӯзонида, уфуқҳои муваффақияташонро дар ҳаёт раҳнамоӣ, ҳидоят ва ба низом даровардааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд