(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба Рўзи шаҳри Хуҷанд ба қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, сарбозону афсаронро табрику таҳният гуфт.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки воқеан, ҳам 25 сентябр рӯзи шаҳрест, ки онро оламиён «Тирози ҷаҳон» мехонанду он чун шаҳри некӯкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад».

Зикр шуд, ки таърихи ҳар як шаҳр - ин қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърих ва сарнавишти мардумест, ки онро бунёд намудааст. Шаҳр як сайёраи хурдест, ки воқеаву ҳодисоти ҷаҳони атрофро дар худ таҷассум месозад ва ҳар як шаҳри хурду бузург симои хос, хусусият ва сифатҳои нодиру нотакрори худро дорад, ки дар маҷмӯъ унсурҳо ва саҳифаҳои шарҳи ҳол ва таърихи онро ташкил менамояд. Хуҷандшаҳр низ бо хусусият ва сифатҳои хосу нотакрори худ аз ин истисно нест. Вақте ба таърихи беш аз 2500 солаи шаҳри бостонии Хуҷанд назар менамоем дармеёбем, ки он бо унвонҳои «Тирози ҷаҳон», «Хуршедшаҳр», «Арӯси дунё», «Беҳҷатмаол» ва «Мумтози шарқу ғарб» ном баровардааст.

Даврони Истиқлолият ба Хуҷанди бостон рӯҳу тавони тоза бахшида, боғшаҳри мо ба худ симои наву тозаро касб намуд ва аз шарофати истиқлол ва файзу баракати он рушду нумӯи тоза ёфт.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд аз вазъи хизмати афсарону аскарон аз наздик шинос гардиданд.

Таъкид шуд, ки мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то мардуми шарифи мо дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад.

Дар қисми низомии 3501-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рўзи шаҳри Хуҷанд барои сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан дастархонаи идона густурда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд