(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳр дар кӯдакистони № 3Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тибқи нақшаи кории худ аз кӯдакистони № 3 маркази вилоят дидан намуд. Дар ин тарбиятгоҳ 120 нафар кӯдакон дар 5 гурӯҳ ҳамарӯза тибқи барномаи таълимӣ таълиму тарбия мегиранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд доири беҳтар намудани шароити ҳуҷраҳои хоб машғулият бозӣ ва фароғати  кӯдакистони мазкур ба роҳбарияти шуъбаи маориф ва мудири боғча  дастурҳои мушаххас дод. Лозим ба ёдоварист, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои боғчаи мазкур катҳои хоби кӯдакона харидорӣ шудааст.
«Ҳамсола баробари беҳтар намудани шароити боғчаҳои дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дошта, барои на камтар аз 500 нафар кӯдакон ҷойҳои нав ва кӯдакистон бунёд намоем, давоми солҳои наздик муаммои ҷойгир намудани  кӯдакон дар боғчаҳои шаҳр комилан аз байн меравад». Ҳамчунин масалаҳои таъмини ғизонокии кӯдакон ободии мавзеи кӯдакистон, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон  аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд баррасӣ  гардиданд.