(2 овоз, миёна 2.50 аз 5)

Гимназия ҷавобгӯй ба талаботРаиси вилояти Суғд мӯҳтарам Қоҳир Расулзода дар мавсими даъвати ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синфхонаи омодагии дифои ҳарбии гимназияи № 24-уми ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд дидан кард.

Раиси вилоят зимни сӯҳбат бо хонандагони синфи 11 омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарро талаботи аввалиндараҷаи зиндагии имрӯз арзёбӣ намуд ва дӯстдориву ҳимояи марзу буми Ватанро амри муқаддасу қарзи фарзандӣ хонд.

Гимназияи № 24-ум дар маҳаллаи 19-уми шаҳр ҷойгир буда, дар он 890 хонанда бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Синфхонаи омодагии дифои ҳарбии гимназия бо дастгирии ТҶММ (ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа)-и вилоят бо

Гимназия ҷавобгӯй ба талабот лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла аёниятҳои дарсӣ, тахтаи синфӣ, чароғпояву лампаҳо, пардаву навъҳои гуногуни ранг, чатри оҳанин барои майдончаи нигаҳбонӣ таҷҳизонида шудааст.

Сипас Раиси вилоят дар саҳни гимназия аз машғулиятҳои ҳарбӣ ва намоиши лавозимоти омодагии дифои ҳарбӣ шинос шуд ва таъкид дошт, ки чунин синфхонаҳо барои ҳавасмандкунӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон манфиати назаррас дорад.