(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи корӣ бо иштироки фаъолони шаҳр.Баъди интиҳои иҷлосияи навбатӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд вакилони мачлиси шаҳрӣ,роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони куитаҳои маҳалла ва дигар фаъолон ҷаласаи корӣ доир намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд  муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим  Иброҳимовро муваззаф намуд, ки доири саривақт ва бо сифат таъмин намудани даъвати ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ, омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ, хоҷагию коммуналӣ, роҳсозӣ, омода намудани маводи зидди лағжиш барои бехатарии роҳҳо дар сармо, таъмини муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, беморхонаҳо, таваллудхонаҳо бо барқи доимӣ, нақшаи корӣ таҳия намуда,иҷроиши онро дар мӯхлатҳои муқарраргардида таъмин намояд. Ба муовини Раиси шаҳр Маҳмадӣ Давлатов бошад бобати  бештар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади  захираи маводи ғизо дар фасли  зимистон ва ташкили ярмаркаи маҳсулоти ниёзи аввала ва кишоварзӣ дар се мавзеи шаҳр, таъмини буҷети маҳаллӣ дар ҷамбасти нӯҳмоҳа ва солона супоришҳои мушаххас дода шуд.
Барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва сиёсӣ баргузор намудани таҷлили ҷашнҳои Рӯзи забони тоҷикӣ, 20 солагии қабули Сарқонуни кишвар ва Суруди Миллӣ, ба муовини Раиси шаҳр Умеда Муродова дастур дода шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода қайд  намуд,ки соли оянда дар шаҳри бостонии Хуҷанд таҷлили пуршукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ пешбинӣ гардидааст. Таъкид гардид,ки омодагии сохторҳои марбута бояд оғоз гардида, нақшаи корҳои ба сомонмерасида таҳия ва амалӣ карда шаванд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки аз интиҳои ҳафтаи равон дар арафаи Иди Қурбон аёдати ду ҳазор сокинони ниёзманд,камбизоат оғоз гардида, ба онҳо кӯмаки яквақта иборат аз маҳсулоти хӯрока расонда шавад.