(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Номи чанд кӯчаю иншоотҳо иваз шуданд. Бо мақсади пос доштану абадӣ гардонидани номи шахсони барӯманди диёр ва эҳтироми анъанаҳои ниёгонамон, Комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофӣ назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба Маҷлиси навбатии вакилони халқи шаҳри Хуҷанд тасдиқи лоиҳаи қарорҳои дахлдорро барои иваз намудани ном ва номгузорӣ намудани чанд тангкӯча, кӯча ва корхонаю муассисаҳоро пешниҳод намуд.
Дар ҳамин асос минбаъд тангкӯчаи Саховати кӯчаи Ҷӯра Зокиров ба номи Тоҷибоев Наҷмиддин гузошта шуда, дар тангкӯчаи номбурда лавҳаи ёдгорӣ гузошта шавад.
Ба хотири собиқ директори корхонаи воҳиди давлатии «Садаф» Мақсудов Лутфулло дар коргоҳи мазкур лавҳаи фахрӣ гузошта мешавад. Муроҷиати Осимов Акмал оид ба номгузорӣ намудани номи яке аз мактаб ва ё кӯчаҳои шаҳр ба номи иштирокчии Чанги Бузурги Ватанӣ Осимов Зайниддин мавриди баррасӣ қарор гирифта, номгузори намудани мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷандро ба номи Осимов Зайниддин ҷонибдорӣ намуданд.
Комиссияи мазкур номгузорӣ намудани тангкӯчаи Шаршараи кӯчаи Содирхон Ҳофиз ба номи Боқиев Иноятуллохон аз ҷаласаи навбатӣ дархост  намуд.
Муроҷиати Фаёзов Музаффар оид ба номгузорӣ намудани номи яке аз кӯчаҳои шаҳр ба номи Садриддин Айнӣ, ки ҳангоми мулоқоти Раиси шаҳр бо сокинони маҳаллаи «1-Май» ва «Сари баланд», ки санаи 3 январи соли ҷорӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, баён гардида буд, мавриди баррасӣ қарор дод.
Аъзои комиссия барои номгузории шохроҳи минтақаи озоди саноатӣ то минтақаи шимоли шарқӣ ба номи Садриддин Айнӣ ҷонибдорӣ намуд.
Ба унвонии комиссия барои номгузорӣ намудани яке аз кӯчаҳои шаҳр ба номи Ғаффорова Мунзифа ва гузоштани лавҳаи хотиравӣ дархост ворид гардида буд. Комиссия барои номгузори намудани номи яке аз кӯчаҳои навбунёди маҳаллаи 29-уми шаҳр ва гузоштани лавҳаи ёдгории Мунзифа Ғаффорова тарафдорӣ намуд.
Мурожиати раиси шуъбаи вилояти суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод оид ба абадӣ гардонидани хотири Ҳоҷӣ Сидиқхоҷаи Хуҷандӣ барои дар назди Китобхонаи вилоятии Тошхоҷа Асирӣ гузоштани нимпайкараи Ҳоҷӣ Сидиқхоҷаи Хуҷандӣ, мавриди баррасӣ қарор дод ва барои дар назди бинои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ гузоштани нимпайкараи Ҳоҷӣ Сидиқхоҷаи Хуҷандӣ ризоият дод.
Муроҷиати сокинони маҳаллаи Ваҳдат, микроноҳияи 29, кӯчаи «Г» оид ба номгузорӣ намудани ин кӯча бо номи Баҳористон, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои номгузорӣ намудани кӯчаи мазукур бо номи Баҳористон ҷонибдорӣ карда шуд.
Ҳамчунин муроҷиати Бобоева С. оид ба номгузорӣ намудани номи яке аз кӯчаҳои шаҳр ба номи Баҳром Фирӯз, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои ба яке аз кӯчаҳои навбунёди маҳаллаи Мевағул, микронорҳияи 14-ум, ки ҳудуди ин маҳалла асосан барои нависандагон, рӯзноманигорон ва омӯзгорон тақсим гардидааст, ҷонибдорӣ намуд.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд лоиҳа ва пешниҳоди зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.