(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар дармонгоҳи №3-и шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба масоили рўзмарраи ҷомеа мулоқоти намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд бо ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи тандурустӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов ва Мастура Турсунова роҷеъ ба раванди иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ҳамзамон қарори Раиси шаҳри Хуҷанд "Дар бораи татбиқи стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар шаҳри Хуҷанд" маълумот ироа намуда, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба Давлат коста мегардонад. Мубориза бо коррупсия самти муҳими сиёсати давлатии роҳбарияти Ҳукумат муайян шудааст ва дар ин самт заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ташаккул ёфта, ҳамкории байналмилалӣ роҳандозӣ шудаанд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқ намудани «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда, дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа гардида, яке аз монеаҳои ҷиддии пешрафти ҷомеа мебошад».

Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров роҷеъ ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб андешаронӣ намуд.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи терроризм ва экстремизм ба амнияти миллӣ ва рушди босубот ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд. Воқеияти сиёсии ҷаҳони муосир дар мубориза ба ифротгароию терроризм нишон медиҳад, ки ягон давлат дар алоҳидагӣ наметавонад ин таҳдидҳоро пурра решакан намояд, зеро доираи паҳншавӣ ва робитаҳои онҳо басо фарох мебошанд. Маҳз аз ҳамин сабаб ҷаҳони имрӯза терроризму ифротгароиро ҳамчун мушкилоти умумибашарӣ эътироф намуда, муборизаи дастҷамъонаро бо иштироки фаъоли ҳамаи қишрҳои ҷомеаро тақозо менамояд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд