(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд аз рӯйи озмуни эълоннамудаи Раёсати маорифи вилоят бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи номиннатсияи "Беҳтарин муассисаи томактабии вилоят" бо дипломи дараҷаи якум ва 5000 сомонӣ маблағи пулӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии №25-и шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардид.

Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар вазъияти тантанавӣ ба маъмурияти муассисаи таълимӣ диплом ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Муборак шавад!


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд