(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд вобаста ба масоили рўзмарраи ҷомеа мулокоти намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд бо табибон баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов, Абдувосит Ғафуров, Мастура Турсунова ва Имом Тўраев баромад намуда, роҷеъ ба тадбирҳои муҳими андешидашуда дар самти иҷрои иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2021 №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2021 № 187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ҳамзамон қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 13.12.2021 № 483 "Дар бораи татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар шаҳри Хуҷанд" маълумот ироа намуда, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки мубориза бо коррупсия масъулияти дастҷамъона аст. Бетарафӣ нисбати ин зуҳуроти номатлуб ҳамагонро ба варта мебарад. Муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Дар замони имрӯза коррупсия яке аз масъалаҳои муҳимми умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дониста мешавад.

Нотиқон ҳамзамон доир ба зуҳуроти дигари ҷомеа-терроризму экстремизм изҳори андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки терроризм падидаи номатлуби ҷомеа буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, таркондани иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм терроризм аст. Воқеан, дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми мамолики дунё ва дар маҷмуъ, ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошанд, ки боиси нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидаанд. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта таърихи қадим доранд, дар баробари асри нав ба худ симои дигар гирифтаанд ва ҳам моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.

Дар анҷоми мулоқоти роҳбарияти ин муассисаи тиббӣ барои ташкили чунин нишаст ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд