(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар дармонгоҳи №2-и шаҳри Хуҷанд мулокоти намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд бо ҷомеаи меҳнатӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов ва Мастура Турсунова роҷеъ ба раванди иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2021 №222 Дар бораи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.соли 2021 № 187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ҳамзамон қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 13.12.2021 № 483 "Дар бораи татбиқи стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар шаҳри Хуҷанд" маълумот ироа намуда, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яке аз масъалаҳои хатарзои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии ҷиноятҳо дар ин самт ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он раъйи қавии ниҳоди ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалби аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Перомуни ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар талошҳо оид ба таҳияи механизм ва роҳҳои муассири мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муташаккилона идома доранд. Дар ин иртибот, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи нави зиддикоррупсионии кишвар – Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 – 2025) тасдиқ шуд. Тибқи ин фармон, вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо вазифадоранд, ки нақшаву чорабиниҳои зидди коррупсионӣ тартиб дода, дар самти муқовимат ба ин зуҳуроти хатарзо саҳм гузоранд.

Кирдорҳои коррупсионӣ аз тарафи шахсони мансабдор ба иҷрои вазифаҳои давлатии ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз рӯйи ғараз бо мақсади ғайриқонунӣ ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани маблағҳои пулӣ, неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ содир мешавад. Мутаассифона, ҳастанд шаҳрвандоне, ки шахсони мансабдорро ба содир кардани кирдорҳои коррупсионӣ ҳавасманд ва моил мекунанд. Бояд донист, ки ин кирдор низ ҷиноят буда, барои чунин шахсон ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.

Сипас, мутахассиси пешбари шӯъбаи хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Имом Тӯраев ҳангоми мусофират эҳтироми арзишҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб андешаронӣ намуд.

Мулоқот бо саволу ҷавоб ва пешниҳодот анҷом пазируфт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд