(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрӯз дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва аъзоёни фаъоли ҳизб Конференсияи XXVIII ҳисоботӣ – интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор ва ҳайати нави роҳбарияти ин ҳизб дар шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардид.

Бо розигии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов пешниҳод ва аз ҷониби вакилони Конференсияи XXVIII интихобу тасдиқ гардид.

Наим Маликсломӣ, собиқ Раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баъди ҳисоботи 3 соли охир,бинобар ба кори дигар гузаштан, аз ин вазифа барканор гардид. Мавсуф дар ин маснад беш 11 сол фаъолияти пурсамар дошт.

Бояд қайд намуд, ки Бахтиёр Исматҷонов то ин дам дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҲХДТ дар вилояти Суғд фаъолият дошт.





Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд