(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бо баргузории як нишаст аз Рўзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд.

Тахмина Усмонова, сардори Марказ кормнадонро бо Рўзи касбиашон таҳният гуфта, аз ыумла афзуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ гардидани як қатор барномаҳои миллӣ дар самти ба танзим даровардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбии кормандони соҳа, таъминоти озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир ва омода намудани мутахассисони сироятшиноси ватанӣ вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ ба эътидол оварда шуд. Маблағгузории соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар панҷ соли охир дар вилоят ба андозаи 225,3 миллион сомонӣ афзуда, соли равон аз буҷаи вилоят ба соҳаи тандурустӣ 597,9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону шахсони саховатманд сохтмон, таъмир ва азнавсозии 152 муассисаи соҳаи тандурустӣ бомаром идома дорад. Чунин таваҷҷуҳ ва зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, бунёди иншооти замонавии соҳа ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрасии бештари аҳолиро ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда боз ҳам беҳтар менамояд.

Сипас ба як қатор кормандон пешсафи соҳа унвон, Ифтихорномаҳои соҳавӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд