(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБузургдошти ҳунар ва осори бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди чеҳраҳои беназири адаби ҷомеаи мо маншаъ гирифтааст. Ва соли 12-ум аст, ки дар айёми беҳтарини сол-22-юми сентябр Рӯзи Рӯдакӣ тантана ва таҷлил мегардад.
Ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хазинаи гаронмояи адабиёт аст. Шеър барои Рӯдаки василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии ӯро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекунад. Хулосаи муҳаққиқони соҳа он аст, ки решаи шеъри Рӯдакӣ то замонҳои қабл аз ислом, то Авасто рафта мерасад, ки ин аз ҷаҳонбинӣ ва афкору пиндори фарохи шоир шаҳодат медиҳад. Бузургтарин ҳунари Рӯдакӣ он аст, ки бо ашъори худ қудрати ғановатмандии забони тоҷикӣ-форсиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ӯ зебову ғанӣ ва оммафаҳм аст.
Рӯдакӣ суханварест, ки ҳанӯз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги шоирон эътироф шудааст. Муосиронаш эшонро пешвои аҳли адаб шинохта, унвонҳои қофиласолори назм, соҳибқирони шоирӣ, маликушшуаро ва одамушшуароро барояш муносиб донистаанд.
Ин аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми майи соли 2002 қароре қабул гардид, ки тибқи он ҳар сол 22-юми сентябр «Рӯзи Рӯдакӣ» таҷлил мегардад. Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ, рамзи пайванди таърихии фарҳангу маънавиёти наслҳои гузаштаву имрӯзаи тоҷикон, нишонаи хештаншиносиву худогоҳии мо, ворисони Рӯдакии бузург аст.
Баргузории Рӯзи Рӯдакӣ моро ба асли хеш, бо нахустин давлати миллиамон – давлати Сомониён, бо андешаҳои воло ва ҷовидонаи Исмоили Сомонӣ ва дигар шоҳони адолатпешаву фарҳангдӯсти ин давлати бузург ба таври ногусастанӣ мепайвандад.
Агар Исмоили Сомонӣ кишвари бузургеро барпо карда бошад, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо камоли зебову шевояш олами дилҳоро тасхир ва ҷаҳони маънавиётро ривоҷ додаст.
Рӯдакӣ ифтихори миллӣ ва боиси сарбаландии мо мебошад.
Рӯзи Рӯдакӣ, рӯзи шеъри оламгири тоҷику форсро барои кулли сокинони шаҳри Хуҷанд шодбош гуфта, таманно мекунам, ки эҳсоси ватандориву адабиётдӯстии насли ҷавони шаҳри куҳанбунёдамон боло гирифта, хулқу атвор ва  хислатҳои наҷибро дар худ  тарбия ва талқин месозанд.
Ёди қофиласолори назми тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зиндаву ҷовидон аст!
Рӯзи Рӯдакӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!