(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд.Чанде пеш ҳангоми аёдати чанде аз сокинони шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, аз ҷониби онҳо дархост шуда буд, ки анъанаи ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дода шавад. Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд субҳи имрӯз дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» ярмарка-фрӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд. Деҳқонону фурӯшандагони маҳсулоти ниёзи аввала аз қабили биринҷу картошка, сабзӣ, помидору боимҷон, гӯшт, асал, харбузаю тарбуз, ва дигар маводи худро манзур намуданд. Дар ярмарка-фрӯш асосан деҳқонони хоҷагиҳои атрофи маркази вилоят иштирок намуда, ба онҳо имкон дода шуд, ки маҳсули меҳнати худро бевосита ба харидорон пешниҳод намоянд. Ин тадбир имкон дод, ки маҳсулоти номбурда барои тамоми табақаҳои иҷтимоӣ бо нарҳои мувофиқ дастрас шавад. Шоёни қайд аст, ки тамоми махсулоти пешкашудаи тарутоза ва бо сифат буда, бо нархҳои аз як то якуним сомонӣ арзон нисбати бозорҳои шаҳр манзури ниёзмандон шуд.
Дар намоиш фурӯш нархи як килограмм картошка аз як сомонию шаст дирам то ду сомонӣ, помидор то як сомонӣ, гӯшт 28 сомонӣ фурӯхта шуд.
Пешбинӣ мегардад,ки минбаъд низ бо мақсади мусоидат намудан барои захираи зимистонаи сокинон бо маҳсулоти хушсифати арзон озуқа ин тадбир идома дода хоҳад шуд.