(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади баланд бардоштани самарнокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондўстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва бахшида 30-солагии Ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш тахти унвони "Хизмат ба Ватан вазифаи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии мост" байни афсарону сарбозон баргузор гардид.

Чорабинӣ дар ҳамкории бо Ташкилоти ҷамъиятии иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионии"Сипари сулҳ" дар вилояти Суғд, Комендатураи ҳарбии Горнизони Суғд, қисми ҳарбии 03377 ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб Розиқзода, Директори КВД клуби "Сохибкорони ҷавон" Самиаллоҳ Шерализода, Раиси ташкилоти ҷамъиятии иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионии "Сипари Сулҳ" Фахриддин Ахмедов, мудири бахши кор бо чавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров ва собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар он намоиши сарбозону афсарон ва ҳайати аркестори нафасӣ пешкаш карда шуд.

Дар чорабини зикр гардид, ки дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбати онҳо дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи муҳимро касб карда, Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир менамояд.

Дар идома илова шуд, ки ҷавонони ватандўсти диёр чун ворисони арзандаи ниёгони шарафманди хеш баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, садоқатмандона хизмат намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ ва варзишӣ ҳамчун намояндаи ҳақиқии насли нави фардосози тоҷик барои афзоишу таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани азизу маҳбуби хеш саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Дар охир ба як катор сарбозону афсарон ифтихорномахо ва туҳфаҳои хотирави тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд