(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

altТавре ки иттилоъ дода будем, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, ки рӯзҳои 31 июл то 7 августи соли 2022 дар шаҳри Лондони кишвари Бритониёи Кабир баргузор гардида истодааст, 73 нафар хонандагони болаёқат аз минтақаҳои Тоҷикистон бо ҳамроҳии як гуруҳ омӯзгори фанни забони англисӣ сафарбар гардида буданд.

Дар қатори 30 нафар хонандагони болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 11 нафар хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд, Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи бонуфуз шоиста муаррифӣ намуданд.

Тибқи иттилоъи директори МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд Сурайёхон Неъматзода санаи 5 августи соли 2022, дар Донишгоҳи "Оксфорд"-и шаҳри Лондон маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаи байналмиллалии "Teeneagle" аз фанни забони англисӣ баргузор гардид.

Дар натиҷаи ҷамъбасти олимпиада аз рӯи 4 бахш ва категорияи «ИГЛЕТС» (синфҳои 9-12) - хонандагони синфҳои болоӣ Фирӯза Абдуллоева - хонандаи синфи 10 - и МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд қаҳрамони олимпиада ва соҳиби Ҷому Шоҳҷоизаи олимпиадаи мазкур гардид.

Ҳамин тариқ кишвари Тоҷикистон бо дастоварди беназир ва таърихии Фирӯза Абдуллоева дар олимпиадаи мазкур мақоми аввал, Озарбойҷон мақоми дуввум ва кишварҳои Камбоҷаву Бангладеш мақоми саввумро ишғол намуданд.

Ҳамзамон Ясминахон Аҳророва - хонандаи синфи 9 ва Дилбарҷон Ҷабборова - хонандаи синфи 10 -и МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд дар бахшҳои олимпиада ғолиб омада, соҳиби ҷойи 2 -ум ва медали нуқра инчунин Қобилов Исфандиёр, Нарзуллоев Шукрулло, Мирфаёз Беҳрӯз, Искандаров Искандархоҷа, Шодмонов Шерозхуҷа, Баҳромзода Муҳаммадхон, Ҳайдарзода Рамазон, Мирзохоҷаев Бузрукхоҷа соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд бо ин дастоварди шоистаи хонандагони болаёқаташ ҳамчун беҳтарин муассиса дар олимпиадаи мазкур дониста шуд.

Олимпидаи байналмилалии "Teeneagle" дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон баргузор гардида, дар он зиёда аз 400 нафар хонандагон аз 300 муассисаи таълимии дунё ва 27 кишвари олам иштирок намуданд.

Лозим ба таъкид аст, ки чанде қабл хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои дақиқ: математика, технологияи иттилоотӣ ва табиатшиносӣ дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон сафарбар гардида, ба Ватан бо 4 медали тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ баргашта, беҳтарин дастаи олимпиадаи "ISTEM - GRAND FINAL 2022" гардида буданд.

Ҷомеаи меҳнатии МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд дастовардҳои беназири худро аз дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи афзалиятноки ҷомеа - маориф медонанд ва ҷавобан ба ин ғамхориҳои доимӣ дар самти татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз пешоҳангон хоҳанд буд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар соли хониши 2021-2022 хонандагони болаёқати МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд дар 4 олимпиадаи фаннии ҷаҳонӣ дар кишварҳои Туркия, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Фаронса ва Британияи Кабир ҳузурӣ ва дар 13 олимпиада тариқи фосилавӣ иштирок намуда, соҳиби 418 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки саҳми омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ дар дастовардҳои сатҳи ҷаҳонӣ назаррас буда, дастгирӣ ва қадршиносии заҳматҳои омӯзгорон аз ҷониби роҳбарияти муассиса ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон боис ба дастоварди мазкур гардидааст.

Дастоварди навбатӣ ва шоистаи хонандагони Хуҷандшаҳр ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бошад!



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд