(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар майдони футболи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №2-и шаҳри Хуҷанд маросими ҷамбастии мусобиқаи шахри аз рўи намуди футбол бахшида ба Рӯзи варзишгарон ва таътили тобистона байни варзишгарони соли таваллудашон 2009 ва хурд, 2010 ва хурд баргузор гардид.

Мусобиқа тибқи нақшаи якҷояи бахши кор бо фавонон ва варзиш, шўъбаи маориф ва федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд аз санаи 25 июл то 4 августи соли ҷорӣ доир гардида, дар он зиёда аз 200 нафар футболбозони наврас дар ҳайати 10 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар маросими ҷамбастии мусобиқа иброз шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқа ин оммавӣ гардонидани варзиш, рушди намуди футбол ва ҷалби васеи наврасону ҷавонон ба ин намуд, татбиқи барномаҳои маҳаллии соҳаи варзиш, пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷиночткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад.

Мусобиқаҳои мазкур аз рўи синну сол чунин натиҷабардорӣ гардид.

Синну соли 2009 ва хурд;

Ҷои 1-ум дастаи ММВФЧА "Эсхата"

Ҷои 2-ум дастаи МДМВ 1

Ҷои 3-ум дастаи Академияи "Тоҷ"

Синну соли 2010 ва хурд;

Ҷои 1-ум дастаи ММВФЧА "Эсхата"

Ҷои 2-ум дастаи Академияи "Тоҷ"

Ҷои 3-ум дастаи "Спартак"

Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ғолибону ҷоизадорон ва бозингарони беҳтарин бо диплому медал ва тўҳофаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд