(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими расмии оғози озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд барои соли хониши 2022-2023 баргузор гардид.

Дар маросими расмии озмун муовини сардори раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб Розиқзода, директори КВД "Соҳибкорони ҷавон" Шерализода Самиаллоҳ, сармутахассиси раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Каримов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров иштирок ва баромад намуданд.

Дар чорабинӣ хайати комиссия, хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд- довталабони озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодон иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбати онҳо дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи муҳимро касб карда, Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир менамояд.

Ҳамчунин қайд шуд, ки ҳар як мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон бо пешниҳоди як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад. Аз ҷумла, таъсис ва роҳандозӣ гардидани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иқдоми наҷиби Роҳбари муаззами мамлакат маҳсуб меёбанд.

Дар идома илова шуд, ки ҷавонони ватандўсти диёр чун ворисони арзандаи ниёгони шарафманди хеш баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, садоқатмандона хидмат намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ ва варзишӣ ҳамчун намояндаи ҳақиқии насли нави фардосози тоҷик барои афзоишу таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани азизу маҳбуби хеш саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Дар озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд барои соли хониши 2022-2023, тариқи Маркази тестӣ аз рӯи панҷ фан- география, таърих ва ҳукук, математика, забони русӣ ва англисӣ имтиҳон супорида, дониши онҳо санҷида хоҳанд шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд