(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altМо истиқоматкунандагони маҳаллаи Темурмалик, микроноҳияи 8 биноҳои 108 «А», «Б», «В», «Г» аз иқдомоти созандагии шаҳрдорӣ ки бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ки тайи моҳҳои охир амалӣ карда шуд, арзи миннатдорӣ менамоем.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, ки дар як вақт вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз маҳаллаи мо мебошанд, зимни мулоқот бо мардум аз мушкилот бохабар гардида, ҷиҳати рафъи он ваъда намуда буданд. Бо гузашти фурсати хеле кўтоҳ як қатор мушкилоти сокинон, аз ҷумла мумфаршкунии роҳ бартараф гардида, барои равуои бемамонияти сокинон шароит муҳайё карда шуд.

Мо сокинони маҳалла бо шукргузорӣ аз фазои амну субот ва осоиштагии мардум чавобан ба ин ғамхориҳои роҳбарияти шаҳр омода ҳастем, ки барои мусоидат намудан ба корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дасти ҳам гирифта саҳм гузорем ва дар якҷоягӣ шаҳри дилорои хешро боз ҳам ободу мунаввар намоем.



Истиқоматкунандагони маҳаллаи Темурмалик,
микроноҳияи 8 биноҳои 108 «А», «Б», «В», «Г»-и шаҳри Хуҷанд