(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲар ҷавонмарди синни аз ҳаждаҳ боло аллакай ҳимоятгари оилаи худ, дўстону ҳамсолони худ, маҳалли худ, зодгоҳу давлати худ мегардад. Ҷисму рўҳи қавии ҳар ҷавонмард аз поктинатию бовиҷдонии ў, ғурури баланди миллӣ доштанаш гувоҳӣ медиҳад. Чун ба ҷавонони ин синну сол менигарем, яқин боварӣ ҳосил мекунем, ки дар ҳақиқат, ватанамон ҷавонони шуҷоъ, ҷасур ва бонанг дорад. Илова ба ин, бо итминони комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистони азизу муқаддаси моро ҷавонону мардони бовиқор нигаҳ медоранд. Аз он ифтихор дорем, ки волидайни нексиришт фарзандони паҳлавону қавиирода, нотарсу далер ва шуҷоъро тарбия дода, барои ҳимояи Ватан-Модар, хоҳарону додарон, дўстон ва дигар шахсони мўҳтоҷ раҳнамо мешаванд.

Хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор ба ҳар ҷавони синни даъватӣ маҳсуб меёбад. Ифтихор аз он бояд кард, ки ватани мо соҳиби Артиши миллӣ буда, қодир аст дар он ҷавонони бонангро аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқувват, аз ҷиҳати сиёсӣ пухтаву зирак омода гардонад. Ду сол хизмат дар Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати зиндагии осоиштаи хонадони ҳар хизматчӣ, орому осоиштагии кишвар ва ояндаи дурахшони кўдакону ҷавонон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишварамон эътимоди комил доранд, умед ба он мебанданд, ки бо ақлу заковат, тани пурқуввату ғурури миллиашон ояндаи ватанро мунаввар месозанд. Бояд гуфт, ки Пешвои муаззам барои ҷавонон шароити хуб дар таҳсил, Қувваҳои мусаллаҳ, корхонаҳо ва дигар маконҳои муҳим фароҳам овардаанд. Месазад чунин ғамхориҳоро қадр ва ҷавобан бо матонату ақли солим ба ватан хизмати содиқона кард.

Тибқи қонун имсол дар марҳилаи даъвати тирамоҳӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004-юм ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Вобаста ба ин маъракаи сиёсӣ тамоми сохторҳои давлатӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, ҷавонон, занон, тандурустӣ, комиссариати ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳанд. Масъулин чун солҳои қаблӣ моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис-тон «Дар бораи ўҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва банди 5-и Низомномаи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ, қарори Раиси вилояти Суғд аз 15-уми июни соли 2022, №238 «Дар бораи гузаронидани омўзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2022»-ро асос намуда, ба ин маъракаи сиёсии кишвар саҳми худро мегузоранд. Барои аз рўи меъёр ва нақша иҷро намудани вазифаи худ талош меварзанд.

Бояд гуфт, ки масъулин шумораи шаҳрвандони синну соли даъватиеро, ки берун аз ҷумҳурӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, муайян намуда, бо падарону модарон ва оилаҳои онҳо сўҳбату вохўриҳо мегузаронанд ва бо мақсади аз муҳоҷират баргардонидан ва даъвати онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар ин асос бо раисони 22 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд ҳамкорӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Масъулини ҳар кумитаи маҳалла ҷавонони синни даъватро дастгирӣ мекунанд. Дархост, пешниҳод ва дигар арзашонро мешунаванд ва барои ҳаллашон чораҳои зарурӣ меандешанд. Моҳияти хизмат ва то кадом дараҷа зарур будани онро мефаҳмонанд. Зеро ҳар ҷавони синни даъватӣ бояд бо амри виҷдон ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад. Ба онҳо бояд фаҳмонд, ки ба дўшашон хизмати Ватан-Модар ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Бояд ҳар фарзанди миллати тоҷик қарзи ба дўш доштаро барои тинҷиву амонӣ, ободӣ ва соҳибистиқлолии кишвар бо ҷону дил адо кунад.

Масъалаи ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба Мактаби муттаҳидаи ронандагӣ низ ҳалли худро ёфтааст. Чун анъана таҳсили меъёри муайяни ҷавонони синни даъватӣ ба ин мактаби муттаҳида ба нақша гирифта шудааст. Онҳо аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ройгон таҳсил намуда, соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ мешаванд ва тибқи дархост дар қисмҳои ҳарбӣ ба рондани нақлиёт машғул мешаванд. Ба ҷавонони синни даъватӣ ғайр аз маҳорати ронандагӣ, ҳамчунин таъмири мошинҳои хурду калон омўзонида мешавад. Дар ҳолати вайрон шудан ва ё аз кор мондани ягон қисми мошин, ронанда бояд фав-ран мустақилона онро бартараф кунад. Ин яке аз ҷузъҳои асосии касби ронандагӣ ба шумор меравад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешад. Барои дар шароити хуб хизмат кардани онҳо як қатор корҳоро ба сомон мерасонад.

Боварии комил ҳаст, ки ҷавонони ҷасури Хуҷандшаҳр имсол низ нақшаи тирамоҳиро пурра иҷро намуда, бо сари баланд ва ғурури миллӣ хизматро ба ҷо меоранд.

Халқи тоҷик ҳам ором хоҳад хуфт, зеро муҳофизони ватандўсташ бо масъулияти баланд шабу рўз дар муҳофизат қарор доранд.



Таҳмина Аюбова,
«Тирози ҷаҳон»