(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар гимназияи «Кавсар»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагон ва волидайни муассиса ярмарка фурўши либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ баргузор гардид.

Дар ярмарка маҳсулоти тайёри либоси мактабии сехи дўзандагии «Раҳимӣ» ба мактабиён ва волидайнашон пешниҳод карда шуд, ки дар баробари сифати хуб доштан, нархҳояш низ дастрас буд. Ин ширкати ватанӣ тибқи шартнома ба 550 нафар хонандаи гимназияи «Кавсар» сару либоси мактабӣ тайёр карда медиҳад.

Тавре, ки зикр шуд, ки истеҳсоли либоси мактабӣ яке аз бахшҳои муҳими саноати дӯзандагӣ буда, рушди босуръати он ба таъсиси ҷойҳои нави кор ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирии истеҳсолгарони ватанӣ пайваста имкониятҳо фароҳам меоварад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 январи соли равон) барои таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар ин ҷода ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.

Маъмурияти гимназияи «Кавсар» барои таҳкимии ҳамкорӣ ва дастрас намудани либосҳои босифати мактабӣ бо ширкатҳои гуногуни ватанӣ ҳамкориии мутақобиларо ба роҳ мондааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар идомаи корҳои ободонию созандагӣ бо иқдоми муассиси гимназияи «Кавсар» то оғози соли хониши нав толори хурди варзиши навъи сабук ва майдон барои футболи хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд