(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Масъул дар ҳифзи ҷону моликият

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷомеаи меҳнатии қисмҳои оташнишониро бо иди касби-ашон муборакбод гуфта, барояшон дар иҷрои вазифаи басо мушкилу масъулиятнок ва айни замон рисолати пурифтихор барору комёбиҳо орзу менамояд.

Бояд қайд намуд, ки мардум аз заҳматҳои кормандони оташнишонӣ хуб огаҳу ба онон аҳсант мехонад, зеро, маҳз кормандони ин соҳа ҳамеша дар ҳама гуна ҳолатҳои сўхтор аввалин шуда, ба кўмак меоянду зарардидагонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва дар иҷрои вазифаи ҷонӣ ҳар соату дақиқа омода мебошанд.

Тавре аён аст, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сол аз сол базаи хадамоти оташнишонӣ бо таҷҳизоти нави ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида, бо маводи зарурӣ пурра таъмин мебошад.

Мушоҳида, омўзиш ва таҳлили сўхторҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои сар задани сўхторҳо ин беэҳтиётӣ нисбат ба оташ, нодуруст истифодабарии таҷҳизоти газӣ, ноқилҳои барқӣ, оташбозии бачагон маҳсуб меёбад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сўхтор дар иншоотҳои хоҷагии халқ, минтақаҳои аҳолинишин, хонаҳои шахсӣ, ташкилоту муассисаҳо ва аз ҳама муҳим, он ҷойҳое, ки кўдакони мо тарбияву таҳсил менамоянд, таваҷҷўҳи бештар зоҳир намуда, баҳри иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сўхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Итминони комил дорам, ки кормандони хадамоти оташнишонӣ аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сўхтор, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ надошта, ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.

Бо ҳамин умедҳо бори дигар ҳамаи шумо - кормандони хадамоти давлатии оташнишониро бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулият ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.