(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулини комиссияи чамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди МИҲД-и вилояти Суғд бо кормандони сохторҳои шаҳрдорӣ ва фаъолон баргузор гардид.

Дар ҷаласа Назира Ғаффорӣ, муовини раиси комиссияи чамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди МИҲД-и вилояти Суғд ва аъзои комиссияи мазкур Шероз Тоҷибоев баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки коррупсия дар шароити ҳозира яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа буда, бояд мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб бо тарзу услҳои гуногун пурзӯр карда шавад. Мубориза бар зидди коррупсия ва татбиқи ҳамаҷонибаи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати ҳуқуқии давлат имкон фароҳам меоварад, ки дар ин самт сатҳи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ паст карда шавад.

Зикр гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.

Мавҷудияти коррупсия, паҳншавӣ ва афзудани он сутуни давлатдориро заиф гардонида, обрую нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонад.

Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 санади барномавии дурнамои миёнамуҳлатисиёсати миллии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия буда, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории зич байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.

Дар назар аст, ки то ба анҷом расидани муҳлати пешбинишудаи санади барномавии миёнамуҳлати зиддикоррупсионӣ сатҳи коррупсия дар кишвар паст гардида, шароит барои рушди иқтисодӣ, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум фароҳам оварда шавад.

Дар анҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро коҳиш диҳем.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд